Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд магар банди аҷал.
***
Бо ин ду – се нодон, ки чуунин медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.
Хар бош, ки ин ҷамоъа аз фарти харӣ,
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.
***
Куфре чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусалмон набувад.
***
Май душмани масту дӯст бо ҳушёр аст,
Андак тарёку беш заҳри мор аст.
Дар бисёраш мазаррати андак нест,
Дар андаки ӯ манфиъати бисёр аст.
***
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бо мор нишаст.
***
Чун пир шудӣ кори ҷаҳон натвон кард,
Пирит ба кофирӣ ниҳон натвон кард.
Дар зулмати шаб ҳар он чи кардӣ, кардӣ,
Дар равшании рӯз ҳамон натвон кард.
***
Зулфи ту чу афъӣ пайи шар мегардад,
Донӣ, паси пуштат зи чӣ бар мегардад.
Чун дид, ки лаъли ту зуммурад дорад,
Афъӣ шуду дар кӯҳу камар мегардад.
***
Чун ноз рухе зи нур пурмоя кӣ дид?
Густурда ба рӯз – бар зи шаб соя кӣ дид?
Бар тавба – бар аз гуноҳ пироя кӣ дид,
Имону нифоқи ҳар ду ҳамсоя кӣ дид?
***
Рухсори туро лолаву гул бор кӣ дод?
В-он сунбули навруста ба гулнор кӣ дод?
В-он рӯз ба дасти он шаби тор кӣ дод?
В-он ёри сазоро ба сазовор кӣ дод?
***
Эй шаб, накунӣ ин ҳама пархош, ки дӯш,
Рози дили ман макун чунон фош, ки дӯш.
Дидӣ, чӣ дароз буд дӯшина шабам,
Ҳон, эй шаби васл, он чунон бош, ки дӯш.
***
Се чиз бибурд аз се чизи ту мисол,
Аз рух гулу аз лаб мулу аз рӯй ҷамол.
Се чиз бибурд аз се чизам ҳама сол,
Аз дил ѓаму аз рух наму аз дида хаёл.
***
Гуфтам, ки чаро чу абр хунборонам,
Гуфт: – аз пайи он ки чун гул хандонам.
Гуфта, ки чар обе ту чунин гирёнам?
Гуфт: аз пайи он ки ту танӣ ман ҷонам.
***
Гар зулфи ту солу моҳ ларзон будӣ,
Анбар ба баҳо ҳамеша арзон будӣ.
В-ар на рухи ту ба зулф пинҳон будӣ,
Рӯзу шаб аз ӯ ба нур яксон будӣ.
***
Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Дар маърифатат чу нек фикре кардам,
Маълум шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.
***
Рафт он гӯҳаре, ки буд пирояи умр,
В-овард замона тоқи сармояи умр.
Аз мӯйи сапедам сари пистони умед,
Бингар, ки сиёҳ мекунад дояи умр.
***
З-он, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,
Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ хвард.
Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард.
***
Ку дил, ки донад нафаси асрораш,
Ку гӯш, бишнавад даме гуфтораш.
Маъшуқ ҷамол менамояд шабу рӯз,
Ку дида, ки то бархӯрад аз дидораш.
***
Бингар зи ҷаҳон чӣ тарф барбастам – ҳеҷ,
В-аз ҳосили айём чӣ дар дастам – ҳеҷ.
Шамъи тарабам гир, чу биншастам – ҳеҷ,
Худ ҷоми ҷамам гир, чу бишкастам – ҳеҷ.
***
Бигсист фалак, чу иқд дурдонаи субҳ,
Пур дурри хушоб кард паймонаи субҳ.
Ӯ низ чу ман асиру шайдо гашта,
К-эй ошиқи шомгоҳу девонаи субҳ!
Ҳазору сиву ҳафт сол пеш дар ин рӯз нобиғаи Машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино ба дунё омада буд.
Ибни Синоро дар Ғарб Авитсенна меномад ва ӯ бузургтарин пизишк, табиатшинос, файласуфи асрҳои миёна буд. Вай тавонист донишҳо дар бораи анатомия ва тиббро, ки инсоният дар тӯли таърих ба даст овардааст, ба ҳам орад.
Абу Алӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Али ибни Сино — чунин аст номи пурраи яке аз бузургтарин оимони асрҳои миёнаи Шарқ –Ибни Сино. Ибни Сино, яъне писари Сино.
Ибни Сино. Тасвири рассом М. Хошмуҳаммадов.
Сино — исми яке аз пешгузаштагони олими номвар аст. Ҳусейн ибни Сино дар рустое бо номи Афшона дар наздикии шаҳри Бухоро соли 370 ҳиҷрӣ (980 милодӣ) ба дунё омадааст. Тибқи тақвими исломӣ моҳи таваллуди ӯ низ маълум аст: сафар, ки мутобиқ ба нимаи дуюми моҳи август ва нимаи аввали моҳи сентябр мебошад.
Мо намедонем ва маълум ҳам нест, ки волидони ибни Сино кӣ буданд – одамони хуб буданд ё бад, пурмуҳаббату самимӣ ва ё хунсард. Танҳо медонем, ки модараш бонуи зебо ва падараш донишманд буд. Вақте хонаводаи онҳо ба Бухоро омад, ба Абдуллоҳ муяссар шуд, ки дар Девони муставфӣ (идораи андозу молия) ҷойи кор ёфт.
Абдулло ибни Сино ба он хотир ба Бухоро омада буд, ки писаронашро соҳибмаълумот кунад. Вай аз Ҳусейн умедҳои калон дошт, ки аз овони хурдсолӣ аз худ истеъдоду маҳорат ва шавқу рағбат ба омӯзиш нишон медод. Дар панҷсолагӣ вай китоби муқаддаси Қуръонро пурра ҳифз карда буд. Ҳамаи донишмандони мусалмон омӯзишҳои худро аз Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) оғоз мекарданд, вале на ба ҳама муяссар мешуд, ки ҳатто дар синни балоғат ҳам шарҳи Қуръону ҳадисро донанд.
Бухоро, пойтахти давлати Сомониён, як шаҳри бузург ва калонтарин маркази илмии замон буд. Падараш Ҳусейнро аввал ба мактабе гузошт, ки ҳамсоя сохта буд. Дар ин мактаб бачаҳоро риёзӣ меомӯхтанд. Баъдан Ҳусейни ҷавонро барои омӯзиши фиқҳ ба мактабе равон карданд, ки миёни муҳассислин аз ҳама ҷавон буд. Аммо хеле ба зудӣ ҳатто бузургсолтарин донишомӯзони мактаб ба ақли гирову дониши фарохи Ҳусейн эҳтиром қоил шуданд ва ба назди ӯ меомаданд, то машварат пурсанд, ҳарчанд синни ӯ аз 12 боло набуд. «Муштарии худро чӣ гуна бояд аз сӯдхӯри бераҳму золим бояд наҷот дод?”, “Чӣ гуна метавон дар додгоҳ гунаҳгорро фош кард?”, “Ҳангоми ҷудоӣ аз ҳамсар кадом калимаро бояд ба забон овард, ки ақалан даричае барои бозгардонидани зан ба хонаи шавҳараш боқӣ монад?”-бо чунин саволҳо ба Ҳусейн муроҷиат мекарданд ва ҳар кадоми онҳо посухе дарёфт мекарданд, ки қонеъкунанда аст.
Баъдан Ҳусейн мантиқ ва фалсафа, геометрия ва ситорашиносиро таҳти роҳбарии Абу Абдуллоҳи Нотилӣ, донишманди маъруф (аз олимони машҳури асри Х, соҳиби асарҳо оид ба фалсафа ва илоҳиёт аст. Нотил яке аз шаҳрҳои қадими Табаристон-ҳоло Мозандарон аст), ки нав ба Бухоро омада буд, омӯхт. Он замон Ҳусейн ба ситорашиносӣ баъди мутолиаи китоби Батлимус (Клавдий Птоломей) “Сохтмони бузург” рағбати беандоза пайдо кард. Дар кутоҳмудда, чуноне борҳо шуда буд, шогирд аз устод пеш гузашт. Дар бисёр ҳолатҳои ҳангоми суҳбатҳои Нотилӣ танҳо шунаванда буду Ҳусейнро бо камоли майл гӯш мекард. Дар асари тарҷумаиҳолиаш менависад: “Вақте ки ман қонунҳои илми мантиқро аз ӯ (Нотилӣ) меомӯхтам ва масъалаҳои мушкил ва печдарпечи онро бо далелу бурҳон, бошитоб ҷавоб медодам, ки ҳаргиз ӯ нашунида буд, устод бениҳоят дар ҳайрат мемонд ва масъалае, ки ба ман мегуфт, аз вай беҳтар тасаввур мекардам. Ин шахс падари маро огоҳ намуд, ки ман ба ғайр аз омӯхтани дониш ба ҳеч кори дигар набояд саргарм шавам. Баъд аз он ба омӯхтани “Маҷастӣ” (“Ал-маҷастӣ”-китоби Балтимус (Птоломей) оид ба риёзӣ,, физика ва ситорашиносӣ)майл намудам. Вақте аз муқаддимоти он огоҳ шудам, ба шаклҳои ҳандасӣ расидам, устоди ман Нотилӣ гуфт: Акнун худат ба хондан машғул бош ва масъалаҳоро низ худат мустақил ҳал намо. Агар ягон мушкил пеш ояд, биё ва бар ман арз кун, то дуруст ё нодурустии онро ба ту баён намоям”.
Дар синни 13—14 солагӣ Ҳусейнро дигар дониши устодон қонеъ намекард ва ӯ ба худомӯзӣ пардохт. Аз тарҷумаи ҳоли то ба замони мо омада расида маълум мешавад, ки Ҳусейн бо кадом майлу рағбати беандоза ба омӯзиши геометрия, ситорашиносӣ, мусиқӣ машғул мешуд. Ва ҳамаи ин барояш басо ба осонӣ даст медод, ҳаддиақал то замоне, ки бо асари “Мобаъд-ут-табиат” (“Метафизика”)-и Арасту ошно шуд. Дар тарҷумаи ҳоли худ ба ёд меорад, ки ин асарро борҳо хондаас, вале онро нафаҳмид. “Андешаи муаллифи он бар ман пӯшида монд, то чиҳил бор ин китобро хондам ва матни онро азбар кардам ва бо вуҷуди ин ҳам онро намефаҳмидам ва мақсади муаллифро фарқ накардам. Аз худам маъюс шудам ва гуфтам: “Ин китобест, ки маро барои фаҳмидани он роҳ нест!” (“Пирӯзинома”, Душ. 1990, с.17).
Аммо ҳодисаи тасодуфие сабаб шуд, ибни Сино ба умқи навиштаҳои Арасту расад. Боре як тоҷир дар бозор барояш шарҳи файласуфи машҳури замон Абунасри Форобӣ (солҳои 870-950) ба китоби “Мобаъд-ут-табиат” -и Арастуро фурӯхт. Ҳодисаи харидани ин китобро низ дар тарҷумаи ҳолаш басо ҷолиб овардааст: “Дар ҳамон рӯзҳо чоштгоҳ ба бозори китобфурӯшон рафтам. Даллоле дар дасташ китобе дошт ва бо овози баланд мардумро ба харидани он даъват мекард. …Ман онро сахт рад кардам. Вале он даллол аз нав маро ба харидани китоб даъват кард ва изҳор намуд, ки : “Китоб арзон аст, онро ба чаҳор дирам мефурӯшам, соҳиби китоб ба он пул муҳтоҷ аст”. Ниҳоят он китобро ба ҳамон маблағ харидам. Вақте бодиққат хондам, дидам, ки “Мобаъд-ут-табиат” – и Арасту аст, ки Абунасри Форобӣ (Муҳаммад бинни Тархон ё ки Абӯнасри Форобӣ донишманди маъруф, ки соли 260 ҳиҷрӣ дар деҳаи Васиҷ, наздикии Фороб таваллуд шуда, сӣ сол пеш аз ба дёнё омадани Сино фавтидааст. Ӯро баъди Арасту муаллими сонӣлақаб додаанд. Муаллифи 120 ҷилд китоб аст. Шарҳи Арасту аз беҳтарин китобҳои ӯст) онро ба унвони “Ағрози “Мобаъд-ут-табиат” –и Арасту” навиштааст.
Шитобон ба хона баргашта, ба хондани он машғул шудам. Азбаски онроо азёд карда будам, дар ҳамон замон мақсадҳои вай барои ман ошкор шуд. Пас ман аз ин пешомад шод шудам. Рӯзи дигар ба шукронаи он ба бечорагон чизи бисёре садақа додам”.
Дар оянда Сино дар навиштани асарҳояш борҳо ба фалсфаи Арасту рӯ меорад ва ҳамзамон аз шореҳони машҳури асарҳои Арасту мегардад ва асосҳои таълимою ин олими маъруфро шарҳ медиҳад.
Мо ҳоло намедонем чӣ водор кард, ки ҳусейни 14-сола ба тиб рӯ орад. Аммо метавонем тасаввур кунем, ки дар ин илм то куҷо комёб шуд, вақте Ҳусейни 16-соларо даъват мекунанд, ки амири Бухоро ибни Мансурро муолиҷа кунад. Вай бемории амирро басо дуруст ташхис кард ва дору навишту табобат кард.
Ба нишони эҳтирому ташаккур амир ба олими ҷавон иҷоза дод, ки аз китобхонаи дарбор истифода кунад. Дар ин китобхона, ки бузургтарин маъхази китоб дар Шарқ буд, Ҳусейн рӯзҳоро пурра пушти сар мекард, бо асарҳои олимони қадим ошно мешуд. Дар ин китобхона вай китобҳо оид ба физика, ҷуғрофия, механика, риёзиёт, ботаника, зоология, таърих, фалсафа пайдо кард. Дар омӯзиши рисолаҳои тиббӣ вақти зиёдро сипарӣ кард. Маҳз дар ҳамин китобхона ба натиҷа расид, ки зарурати ба ҳам овардану ҷамъбаст кардани хонадаҳояш ва мушоҳидаҳои шахсияш оид ба тибб дар шакли як дастури раҳнамо ба миён омадааст.
Дар тарҷумаи ҳолаш Ибни Сино менависад: “Ман ба омӯзиши тиб машғул будам, ба хондаҳо мушоҳидаҳоямро аз табобати беморон зам мекардам ва ин ба ман имкон дод усулҳои зиёди муолиҷаро пайдо кунам, ки дар китобҳои хондаам, ёфт намешуд”.
Ишғоли Бухоро аз ҷониби туркон ва суқути давлати Сомониён Ибни Синоро водор кард, ки соли 1002 Бухороро тарк кунад, вале хотираи ин шаҳр, ки беҳтарин айёми наврасиву ҷавониашро дар оғӯши он гузаронидааст, тамоми умр осмони хотироташро тарк намекунад.
Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард,
Пирит ба кофуре ниҳон натвон кард.
Дар зулмати шаб ҳар он чи кардӣ, кардӣ,
Дар равшании рӯз ҳамон натвон кард.
Аз Бухоро ба Урганҷ, ба дарбори ҳокимони Хоразм рафт. Дар Хоразм барояш муяссар шуд, ки бо бисёре аз олимоне шинос ва ҳамсуҳбат шавад, ки асарҳояшонро дар китобхонаи амири Бухоро хонда буд.
Солҳои аввали омаданаш ба Урганҷ оромтарин солҳо ва хушбахттарин дар ҳаёти Ибни Сино буданд. Вай вақти зиёди худро барои танзиму тартиб додани қонунҳои давлатӣ сарф кард. вале қонуншинос нашуд, баъдтар бо ҳамон шавқу рағбати пешина ба фалсафа ва тиб баргашт.
Беморон бо камоли майл ба ӯ муроҷиат мекарданд ва боз кам набуданд касоне, ки назди Ҳусайн меомаданд, то онҳоро ба шогирдӣ қабул намояд. Онҳо ба ӯ ёрӣ мерасониданд, ки беморонро аёдат кунад, ба дардашон дармон бахшад, ва баъдан менишанстанд ва маърӯзаҳои илмиашро дар бораи касалиҳо гӯш мекарданд. Бӯалӣ беҳтари мураббӣ шуд, беҳтарин устод шуд. Якеро табибӣ меомӯхт, ба дидагрон нишон медод, ки аз рустаниҳо ва минералҳо чӣ гуна метавон дору тайёр кард.
Соли 1012 вазъ маҷбур мекунад, ки Бӯалӣ Хорамзро тарк кунад ва ба Эрон сафар намояд. Маҳз дар Эрон вай асарҳои асосии тиббии худро навишт. Дар маҷмуъ вай 450 асар эҷод кардааст, ки то замони мо танҳо 274 асари вай омада арсидааст.
“Ал-қонун-фӣ-тибб” китобе шуд, ки барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Аз асрҳои XII то XYII пизишкони оянда дар Шарқ ва Ғарб алифбои саводи тибии худро аз “Қонун”-и Абӯалӣ ибни Сино мегирифтанд.
Дар асри XII ин асарро дар Толедо (Испаниё) аз арабӣ ба лотинӣ, ки забони байналмилалии илм дар он замон буд, тарҷума карданд. шахсияти маъруфе чун Леонардо де Винчи яке аз хонандагони хеле ботаваҷҷуҳи ин асар буд.
Дар ин асари машҳури худ Ибни Сино он нуктаро меомӯзад, ки саломатии инсонро чи гуна бояд ҳифз кард ва чи гуна бояд бемориҳоро табобат кард. Дар китоби аввали “Қонун” Ибни Сино маълумотҳои умумиро дар бораи анатомия ва сабаби бемориҳо меорад. Бахши ҷудогонае дар ин китоб ба набз ихтисос дода шудааст. Ва ба мафҳуму муҳимияти набз дар дар организм Ибни Сино борҳо рӯ овардааст.
Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Дар маърифатат чун нек фикре кардам,
Маълумам шуд, ки ҳеч маълум нашуд.
Тибқи анъана Ибни Сино шеърро барои ифодаи дидгоҳҳои илмияш истифода кард. Чунончӣ,
Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд.
Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харист,
Ҳар к-у на хар аст, кофараш мехонанд.
Дар китоби дуюми “Ал-Қонун” Ибни Сино доруҳои хеле оддиеро номнавис мекунад. Вай аз 785 воситаи дорувории рустанигӣ, ҳайвонӣ ва минералӣ ёд кардааст. Бисёре аз ин доруҳо барои олимони асри бостон маълум набуданд.
Дар китоби сеюми “Ал-қонун-фӣ-тибб” дар бораи бемориҳои ҷудогона ва шеваҳои табобати онҳо муфассал нақл кардааст.
Дар китоби чорум дар бораи касалиҳои умумии бадан, табобати табларзаҳои мухталиф, масъалаҳои гуногуни ҷарроҳиро ба риштаи таҳлили илмӣ кашидааст.
Китоби панҷу аз номгӯи доруҳои “мураккаби” гуногун ҳикоят мекнуад.
Дар “Ал-қонун-фӣ-тибб” Ибни Сино ин фарзияро дар миён гузошт, ки касалиҳо метавонанд аз тариқи ким-кадом махлуқоти хурдтарин ба вуҷуд оянд. Онҳо обро ифлос мекунанд ва бемориҳоро паҳн мекунанд. Вай аз аввалин касоне буд, ки ба сироятӣ будани нағзак таваҷҷуҳ кард, фарқият миёни вабо ва тоунро муайян кард, дар бораи махав маълумот дод ва онро аз касалиҳои дигар ҷудо кард, як қатор бемориҳои дигарро омӯхт.
Ибни Сино соли 1037 дар синни 57-солагӣ аз олам даргузашт. Пеш аз маргаш вай фармон дод, ки ҳамаи ғуломонашро озод кунанд, ба ҳамаи онҳо бахшишҳо кард, ҳама амволашро ба бенавоён тақдим намуд. Мегӯянд ин чор мисраъ охирин шеъре буд, ки Бӯалӣ суруд:
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушуда шуд, магар банди аҷал…
Светлана Исмаилова,
Энциклопедия для детей,
том 2, Москва, 1996
29 06 2017
Пока нет комментариев
Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино ё Абӯ Алӣ Сино ё Ависенна, машҳур ба Абӯалӣ Сино (форсӣ: ابوعلىسينا) ё Ибни Сино, (16 августи 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони замони худ аст. Ҳамчунин ахтаршинос — астроном, химик, геолог, олими мантиқ, палеонтолог, математик, физик, шоир, равоншинос (психолог), файласуф, табиатшинос, муаллим ва адиби бузурги исломии форсу тоҷик аст.
Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ китобҳои «Ал-Шифо» ва «Қонун» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Аврупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.
Абӯалӣ Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, тибби исломӣ, илми пизишкии олими грек Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз шарҳдиҳандагони асосии Арасту буд), илми пизишкии Форс, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди қадима сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчу падари тибби замонавӣ ва фармакологияи клиникӣ ба ҳисоб меравад.
Вай боз асосгузори мантиқи Синоӣ, мактаби фалсафии Синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчун «падари геология» низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Зиндагинома
Номи пурраи ӯ Ҳусайн ибни Абуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино мебошад. Ӯ дар соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшанаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буда дар дарбори подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Дар ҳини зодрӯзи Ҳусайн падараш ҳамчу ҳокими яке аз вилоёти амири Сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур кор мекард. Аз ин рӯ писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст. Ибн Сино ки ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи бениҳоя дошт дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли худ ӯ меоварад, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеҷ чизе намонда буд, ки омӯзад.
Тарҷумаи ҳол
Абуали ибни Сино 980-1037 Яке аз бузургтарин нобигахои чахони дар хамаи давру замонхо, олими забардасти точик Абуали ибни Сино буд, ки дар охири асри X ва аввали асри XI зиста дар сохахои нихоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё сахми босазое гузоштааст. Вай парвардаи мухити фархангии Сомониён буд. Вале кисми зиёди умри Абуали ибни Сино баъди пош хурдани давлати мутамаркази Сомониён дар гирдоби ходисахои мудхиши нимаи аввали асри XI сипари гардид. У гох чун табибу файласуф, баъзан ба сифати факеху вазир, хатто замоне чун махбуси зиндони хаёт умр ба сар бурд, чун надими хоси подшохону маликон низ рузгор гузаронидааст. Аммо у лахзае аз омузиш гафлат наварзида, аз пажухиш ва корхои илми фориг набуд.
Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онхо маълумоти анике дастрас нест, санахои зиёде аз рузгори Абуали ибни Сино маълум аст. Рузгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абуубайди Факехии Чузчони имло шудааст. Вокеаву ходисахои 25 соли охири умри Абуали ибни Синоро Абуубайд, ки хамеша хамрохи устод ва шохиди рухдодхо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли араби ва тарчумахо ба забонхои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абуали Абдуллох ибни Хасан ибни Али ибни Сино ном дошт ва аслан аз ахли Балх буд. Вай дар замони Нух ибни Мансур (976-997) ба Бухоро омада, дар дехаи Афшана (Рометани имруза) ба кори мулки шугл варзид. Вай дар дехаи Афшана бо Ситорабону ном дехкондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки уро Хусайн ном ниходанд. Соли 985 оилаи Абуали ибни Сино, вакте ки у ба синни панчсолаги мерасад, аз Афшана ба Бухоро кучид. Абдуллох, ки аз шахсони фозил ва маърифатдуст буд, Хусайнро ба мактаб монд. Вай аз синни 5-солаги то 10-солаги дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу нахви забони арабиро омухт, илмхои адабро аз худ кард. Ба илмхои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу нахв хаттоти, маъони, кироат, аруз, кофия, лугат, имло, услубшиноси ва амсоли инхо дохил мешуданд. Нихоят Хусайн Куръонро омухта онро хифз намуд. Минбаъд Абуали лакаби Шайхро гирифт, зеро хар касе, ки Куръонро аз ёд мекард уро сарфи назар аз синну солаш шайх мегуфтанд. Сипас Абдулох писари худро аз мактаби ибтидои гирифта, назди муаллимони хусуси гузошт, ки онхо асосхои илмро ба у омухтанд. Абуали аз чихати чисмони бенукс, дар хусну хулк зебо буда, зехни бурро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омузгорон ба хайрат мемонданд. Дар он овон Хусайнро падараш назди Абдуллохи Массох, ки аз донишмандони сохаи хисобу хандаса буд, ба шогирди гузошт. Абуали аз устодаш дар андак вакт хисобу хандасаро омухта, дар омузиши ин илм муваффак шуд. Бар замми ин Абуали дар назди Исмоили Зохид ду сол ба омухтани тафсири Куръон, хадиси пайгамбар ва фикх мепардозад. Ба хамин тарик, Абуали то 12 солаги дар тафсир, хадис ва фикх махорат пайдо кард. Вай хамеша чун бехтарин толибилм эътироф мегашт. Шеваи бахс, одоби музокира, тарзхои эътироф ба хариф ва хусни муховараро нагз омухта буд. Истиклоли фикр, вусъати андеша ва бодалел сухан рондан хоси ин навчавони дар рохи илм пешрав буд. Дар масъалахои маслаку мафкура у истиклоли худро хатто аз падари хеш хам нигох медошт. Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Абуали аз пайи такмили донишу маърифат гашт. Абуали то 15-солаги илмхои табииёт, илохиёт, фалсафа, хикмати илохи, нучум, мусикии назари ва амалиро мустакилона омухта, дар 16-солаги ба омухтани илми тиб машгул шуд. Абуали илми тибро аз Абумансур Хасан Камарии Бухорои, ки табиби дарбори Нух ибни Мансур буд, омухт. Аслан омузиши илми тибро у дар 12-солаги шуруъ карда буд, вале ба маслихати Абусахли Масехи аз идомаи тахсил худдори намуда, чанде таваккуф намуд. Ба хамин тарик, Абуали дар 16-солаги чун як табиби хозик дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Хамчунин ба такмили дониши худ дар сохаи илми фикх, мантик, фалсафа, табиатшиноси, риёзиёт ва илми илохи баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд. Абуали шахси нихоят пуркор, чидди ва мехнатдуст буд. Нафакат акли расо ва кобилияти баландаш боиси пешрафти илми ва маънавии у мешуд, балки кушиши амик, сабру токат ва чахду талошхояш низ воситае буд, ки пирузи ва комёбихои маънавии уро таъмин мекард. Доир ба тахсили илм мегуяд: «Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рузона ба чуз омухтани илм ба коре машгул нашудаам». Абуали то 18-солаги тамоми донишхои расми ва гайри расмии замони худро фаро гирифта, пешсафи бузургтарин олимони маъруфи давр эътироф гардид. Шайхурраис худ эътироф мекунад: “Чун ба 17-солаги расидам, аз омухтани хамаи ин илмхо фориг шудам. Он руз дар илм бехтарин хифзкунанда будам, имруз пухтатар шудам, вагарна илм як хел буда, аз он чизе дар ман дигаргун нашудааст ”. Абуали ибни Сино хак дошт, ки он вакт бигуяд:
Аз каъри гили сиях то авчи Зухал,
Кардам хама мушкилоти гетиро хал.
Берун частам зи кайди хар макру хиял,
Хар банд кушода шуд, магар банди ачал.
Мероси илмӣ ва адабӣ
Абуали дар чахон аз пурмахсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эчодии вай аз 17-18 солагиаш дар солхои 996-997 шуруъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. У осори насриву назмиашро хам ба араби ва хам ба точики эчод кардааст. Сабаби бисёре аз асархои худро ба забони араби навиштани Абуали он аст, ки забони араби дар он замон хамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Хамчунин китобхои зиёди илмию ахлокии юнони, иброни, хинди ва пахлави ба забони араби тарчума шуда, истилохоте, ки мафхумхои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони араби барои хамаи донишмандони асрхои X-XI фахмо буда, дарси мадрасахо ба ин забон мегузашт. Осори Абуали нихоят зиёд аст. Аз руи тадкик ва хисоби донишманди машхури эрони Саид Нафиси (1896-1966) микдори асархои Абуали, ки алхол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонахои давлати ва шахсии олам 162 асари у нигох дошта мешавад. Аз чумла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне точики эчод шудааст. Хамчунин як микдор шеърхои точикии Абуали низ ба замони мо расидаанд. Асархои Абуали аз чихати хачм хеле гуногун буда, аз рисолахои мухтасар то асархои чандинчилда иборат мебошад. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 чилд, «Алхосил вал махсул» дар 20 чилд, «Китобушшифо» дар 18 чилд, «Лисонулараб» дар 10 чилд, «Алконун» дар 5 китоб, «Начот» дар 3 чилд эчод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавчуда накши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихи, мадани ва илми моликанд. Тамоми асархои Абуалиро метавон ба 4 гурух таксим кард: 1. Асархои доир ба хикмат, фалсафа ва ахлок ва мантик. 2. Асархо оид ба тиб. 3. Асархо доир ба илмхои дакик. 4. Асархо рочеъ ба забону адабиёт ва санъат. Бисёре аз асархои Сино танхо рочеъ ба як соха ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Масалан «Донишнома» аз бобхои Мантик, Илохиёт, Табииёт, Хайат ва Мусики таркиб ёфтааст.
Абӯалӣ Ибни Сино адиб
Дар таърихи адабиёти форсу точик Ибни Сино хамчун шоири ориф эътироф гашта, мухимтарин кисмати осори адабии уро шеърхо ташкил медиханд. Касида ва газалхои шоир тасаввуфи ва ахлокианд. Вале рубоихои Сино шоирона садо додаанд. Афкори хикматомузи шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати ичтимои ва шахсияти шоирро рунамо месозанд. Намунаи рубоиёти Сино, ки рочеъ ба масоили ичтимои ва ахлоки эчод шудаанд, манзур мегардад:
Эй кош, бидидаме, ки ман кистаме?
Гар мукбилам, осудаву хуш зистаме.
Саргашта ба олам аз пайи чистаме?
Варна ба хазор дида бигристаме!
Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз чахл, ки донои чахон эшонанд.
Хар бош, ки ин чамоа аз фарти хари,
Хар к-у на хар аст, кофираш мехонанд.
Дар пара сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафхум нашуд.
Дар маърифаташ чу нек фикре кардам,
Маълум шуд, ки хеч маълум нашуд.
Хак-чони чахон асту чахон чумла-бадан,
Ачноси малоика – хавоси ин тан.
Ачром – аносиру маволид – аъзо,
Тавхид хамин асту дигархо хама – фан.
Эй зоти ту мар вучудро буда асос,
Чуз зоти ту нест хеч кас зотшинос.
Касро ба камолу кунхи зотат ах нест,
Бар феъли ту мекунад зоти ту киёс.
Хар хайъату хар накш, ки шуд махв кунун,
Дар махзани рузгор гардад махзун.
Рафт он гухаре, ки буд пирояи умр,
В-овард замона токи сармояи умр.
Эй нафс ки бастаи хавои хаваси,
Биштоб, ки дар химояти як нафаси.
Дунё маталаб, чох мачу, ишва махар,
К-аз дуст бароиву ба душман бираси.
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як муй надонист, вале муй шикофт.
Андар дили ман хазор хуршед битофт,
В-охир ба камоли заррае рох наёфт.
Бо хар хасе зи руи хаво дусти мадор,
Дар куи мардумон зи паи дусти мапуи.
Гар боядат, ки кам нашавад обруи ту,
Фармону ихтилоти фурумоягон мачуй,
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Махкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар дахр чу ман якеву он хам кофир,
Пас дар хама дахр як мусулмон набувад.
© 2023 Univer.tj · Истифодаи маводҳои сомона дар дигар сайтҳо қатъиян манъ карда шудааст